Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Май 17, 2022 08:38

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 майи соли ҷорӣ, соати 18:30  саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Улфатхоним Мамадшоева ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Алим Шерзамонов дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Соати 20:40-и ҳамон рӯз бо супориши Мамадбоқир Мамадбоқиров як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии сокини 29-солаи маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ Замир Назришоев ба хизматчиёни Раёсати ВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро таркониданд.

Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали Сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Ғайратшо Муборакшозода, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД, капитан Шуҳрат Қамишев ва командири взводи таъйиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД, лейтенанти калон Абубакр Файзуллозода ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона З. Назришоев захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид.

Дар ҷараёни амалиёт маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд.

Барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Нисбат ба саркардагони ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Май 17, 2022 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид