Владимир Крунич аз Черногория ва Алишер Тӯйчиев ба ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил шуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду мутахассиси дигар илова гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамин тариқ, мутахассиси 40-сола аз Черногория Владимир Крунич мураббии тарбияи ҷисмонии дастаи миллии Тоҷикистон таъйин гардид. Қаблан ӯ бо Петр Сегрт дар дастаҳои миллии Афғонистон ва Малдив кор кардааст. Крунич дар аҳди Миодраг Радулович чун масъули омодагии ҷисмонии бозингарон дар дастаҳои миллии Лубнон ва Мянмар фаъолият намудааст. Ҷойи охирини кори Владимир Крунич дастаи миллии Ироқ буд, ки дар он ҷо ба мутахассиси ҳолландӣ Дик Адвокат кумак мекард.
Инчунин мутахассиси 46-сола Алишер Тӯйчиев, ки дар замони дарвозабон буданаш дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 42 бозӣ анҷом додааст, мураббии дарвозабонҳои дастаи миллии Тоҷикистон шуд. Тӯйчиев қаблан ҳам дар дастаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо кор кардааст.
Акс: ФФТ








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






