Владимир Крунич аз Черногория ва Алишер Тӯйчиев ба ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил шуданд

Май 23, 2022 13:12

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду мутахассиси дигар илова гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамин тариқ, мутахассиси 40-сола аз Черногория Владимир Крунич мураббии тарбияи ҷисмонии дастаи миллии Тоҷикистон таъйин гардид. Қаблан ӯ бо Петр Сегрт дар дастаҳои миллии Афғонистон ва Малдив кор кардааст. Крунич дар аҳди Миодраг Радулович чун масъули омодагии ҷисмонии бозингарон дар дастаҳои миллии Лубнон ва Мянмар фаъолият намудааст. Ҷойи охирини кори Владимир Крунич дастаи  миллии Ироқ буд, ки дар он ҷо ба мутахассиси ҳолландӣ Дик Адвокат кумак мекард.

Инчунин мутахассиси 46-сола Алишер Тӯйчиев, ки дар замони дарвозабон буданаш дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 42 бозӣ анҷом додааст, мураббии дарвозабонҳои дастаи миллии Тоҷикистон шуд. Тӯйчиев қаблан ҳам дар дастаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо кор кардааст.

Акс: ФФТ

Май 23, 2022 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд