Дар Хатлон бо иштироки ҳуқуқшиносони «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия ҷаласаи корӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи самтҳои ҳамкорӣ оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон ва муарифии ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Дар ҷаласа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилоят, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар, намояндагони сохторҳои қудратӣ, як зумра раисони ноҳияҳо ва намояндагону ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки «мақсад аз баргузор намудани ҷаласаи корӣ таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон мебошад».
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқии Созмони Милали Муттаҳид буда, як қатор санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро эътироф кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин санадҳои байналмилалӣ дар қаламрави мамлакат амалӣ шаванд. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Вазири Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зикр дошт, «аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд ба қишрҳои осебпазири ҷомеаро ёрии ҳуқуқӣ мерасонад».
Зикр гардид, ки мақсади фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.
Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ иштирокдорон зикр намуданд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон дар доираи иҷрои барнома то имрӯз дар маҷмўъ даҳ марказҳои ёрии ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст, ки ба аҳолӣ ва корафтодагон хизматрасонӣ менамояд.
Ҳамчунин аз ҷониби Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони таъйингардида дар даҳ ноҳияҳои вилоят муаррифӣ карда шуда, аз мақомотҳои маҳаллӣ талаб гардид, ки барои амалигардии раванди расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бо ҳуқуқшиносони марказҳои ёрии ҳуқуқии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монанд.
АКС: Мақомоти иҷоии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд






