ҲАДИСИ МУСАВВАР. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафари корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон ба Хатлонзамин
ДУШАНБЕ, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон рӯзҳои 15-17 июн ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар минтақаи ҷануби кишвар, ки сокинони он бо меҳнати содиқона дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, аз наздик шинос шуд.
Сафари корвони иттилоотӣ бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ширкати «Сиёма» созмон дода шуд.
Журналистон аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Леваканд, Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик боздид намуда, аз мавзеъҳои фарҳангию сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихию меъморӣ, инчунин бо фаъолияти корхонаҳои саноатиии вилоят, ки дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани солҳои рушди саноат ба фаъолият шурӯъ намудаанд, шинос гардиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Хатлон-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»