Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»

Сентябрь 29, 2026 10:55

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

–Истиқлолияти давлатӣ падидаи сиёсӣ дар таърихи навини халқи тоҷик маҳсуб шуда, оғози эҳёи нави ин миллати тамаддунсоз ва рушди суннатҳои аҷдодӣ ба шумор меравад. Таърих собит намудааст, ки давоми беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард.

Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем. Гузашти айём моро ба ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, расонид.

Азми қавӣ ва садоқати мардуми Тоҷикистон ба сарзамини аҷдодӣ ва истиқлолияти давлатӣ буд, ки ин марҳилаи таърихӣ хусусияти созандагӣ ва бунёдкорӣ касб намуда, пойдевори устувори давлати миллӣ дар мамлакат гузошта шуд.

Таҳлили раванди соҳибистиқлолии давлати мо ва таҷрибаи иҷтимоию сиёсӣ нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне соҳибистиқлол гардид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд. Новобаста аз вазъи ноамниву парешонӣ ва рӯзҳои душвору печидаи кишвар Тоҷикистон бо арбоби сиёсии хеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлатдории хеш ва ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон пардохтанд ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардониданд. Ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибихтиёрӣ мақом ва саҳми Роҳбари оқилу дурандеши мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозиву барқарорнамоии робитаҳои дӯстонаву дипломатӣ бо кишварҳои гуногун, созмону ташкилоти байналмилалӣ ва муаррифии кишвару миллат дар арсаи ҷаҳон беназиру бемисл аст.

Баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави давлатсозӣ, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ оғоз гардид.

Давоми солҳои истиқлолият Тоҷикистон бо шарофати сиёсати мутавозин ва муносиб бо ҷаҳони имрӯз дар анҷумани давлатҳои мутамаддин мақом ва манзалати шоистаеро дар арсаи ҷаҳони муосир касб намуд.

Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо имконияти муаррифии мустақилона дар арсаи ҷаҳонӣ, балки заминаи мусоид барои ташаккули сиёсати хориҷии миллӣ, рушди парламентаризм ва таҳкими дипломатияи байнипарлумониро фароҳам овард.

Дар муддати 35 соли охир мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ҳам ба сифати Шурои Олӣ, Маҷлиси Олӣ ва ҳам Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ саъйу талошҳои зиёдеро ба хотири ташкил ва татбиқи низоми робитаҳои ҳамкориҳои байнипарламетӣ бо кишварҳо ва созмонҳои бузурги байналмилалию минтақавӣ роҳандозӣ намудааст.

Аз ҷумла, оғоз аз касби Истиқлоли давлат, вобаста ба шакли идоракунии парламентӣ доштани мамлакатамон, то соли 1994 робитаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалии Шурои Олӣ ба сифати мақоми олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар шакли иштироки парламентӣ дар муносибатҳои байниҳукуматӣ ва байнанипарламентӣ татбиқ мегардид .

Мувофиқи Конститутсияи соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази тарзи идоракунии парламентӣ акнун шакли идоракунии президентӣ ҷорӣ шуда, Маҷлиси Олӣ ба сифати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ҳокимияти давлатӣ ташкил ёфт.

Дар ин раванд Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди олии намояндагӣ ва қонунгузор нақши муҳим касб намуда, тавассути робитаҳои байнипарламентӣ дар таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ бо кишварҳои ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст.

Бо мурури ба сифати ниҳоди сиёсии доимоамалкунанда табдил ёфтани мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дипломатияи парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хусусияти мукаммали намояндагии мустақил барқарор намудани робитаҳоро бо дигар кишварҳо дар чехраи намояндагони мардумӣ пайдо намуд.

Тавассути дипломатияи парламентӣ метавон имконоти ҷалби сармоягузорӣ, мубодилаи таҷриба, ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва таҳкими сулҳ ва амниятро низ ба таври муассир ба роҳ монд, дар ин самт Парламенти Тоҷикистон на танҳо ҳамчун созмондиҳандаи қонунгузорӣ, балки ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад нақши калидӣ дошта бошад .

Дипломатияи байнипарламентӣ дар замони муосир яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлатҳо ба шумор меравад. Он имкон медиҳад, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд миёни парламентҳои кишварҳо тақвият ёфта, масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи намояндагони халқ баррасӣ гарданд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди соҳибистиқлолӣ роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро пеш гирифт, рушди чунин шакли дипломатия аҳамияти хосса пайдо намуд.

Дар ин замина мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ва қобили таҳқиқ мебошад. Занони Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар баробари мардон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди парламентаризм ва густариши робитаҳои байналмилалӣ нақши назаррас гузоштанд. Ҳузури занон дар ҳайати парламент, гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, комиссияҳо, ҳайатҳои расмӣ ва созмонҳои байналмилалии парламентӣ далели равшани болоравии мақоми онҳо дар низоми сиёсии мамлакат мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки иштироки занон дар дипломатияи байнипарлумонӣ на танҳо ифодаи таъмини баробарии ҳуқуқу имконият, балки нишонаи рушди фарҳанги сиёсӣ ва таҳкими ҷомеаи демократӣ мебошад. Занони вакил ва сиёсатмадор бо фаъолияти худ дар муаррифии симои Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди масъалаҳои вобаста ба сулҳ, амният, ҳуқуқи инсон, маориф, тандурустӣ ва оила саҳми муассир гузоштаанд.

Бемуболиға метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, рушди парламентаризм ва густариши сиёсати хориҷии мамлакат заминаи устувор фароҳам овард.

Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025, аз ҷумла чунин баён доштанд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».

Бо дастгирии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани мақоми занон бонувони тоҷик тавонистанд дар арсаи дипломатияи парламентӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ низ мавқеи шоиста касб намоянд. Имрӯз занони тоҷик на танҳо дар таҳияи қонунҳо ва фаъолияти намояндагӣ, балки дар муаррифии давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ низ саҳми назаррас доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҷалби онҳо ба сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла парламент ва дипломатия, заминаҳои мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Маҳз бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва «дарҳои боз»-и Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Дар ҳамин замина дипломатияи парламентӣ ба яке аз воситаҳои муҳими таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ мубаддал гардида, вакилбонуҳои тоҷик дар ин самт саҳми арзанда мегузоранд.

Оғози иштироки занон дар дипломатияи парламентӣ

          Даъвати якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995–2000) дар шароити бисёр ҳассоси баъдиҷангӣ фаъолият намуд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои ташаккули дипломатияи парламентии Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар ҳайати парламент занони фаъоле, чун Ҳусноро Мирзоева, Рафиқа Мусоева, Гулафзо Савриддинова, Қиммат Рустамова ва Адолат Раҳмонова фаъолият доштанд. Онҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди қонунгузорӣ ва барқарорсозии робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.

Дар ҳамин марҳила иштироки занон дар мулоқотҳои байнипарламентӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ оғоз гардида, Тоҷикистон тадриҷан ҳамчун давлати мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешуд. Бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иқтисодии солҳои аввали истиқлолият, бонувони вакил тавонистанд дар муколамаҳои сиёсӣ ва барқарории эътимоди байналмилалӣ саҳм гузоранд.

Таҳкими нақши вакилбонуҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ

           Дар даъвати дуюми Маҷлиси Олӣ (2000–2005) дипломатияи парламентии Тоҷикистон марҳилаи нави рушдро касб намуд. Дар ин давра иштироки занон дар сохторҳои байналмилалии парламентӣ бештар гардид. Дар Маҷлиси миллӣ Бибихон Азизова, Мавҷуда Бобоева, Нина Кравченко, Назарбегим Муборакшоева ва Санобар Хоҷаева фаъолият доштанд. Дар Маҷлиси намояндагон Гулафзо Савриддинова, Санобар Ҳомидова, Зулфия Узоқова, Тоҷиниссо Маҳмадова, Мавлуда Юсуфова, Лайлӣ Бобоева, Санавбар Раҳимова, Раъно Самиева, Мунира Муродова ва Меҳриниссо Носирова саҳми назаррас гузоштанд.

Махсусан, фаъолияти Гулафзо Савриддинова ҳамчун муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ва Ноиб-президенти гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Иттиҳоди байнипарламентӣ барои баланд гардидани нуфузи байналмилалии парламент аҳамияти калон дошт. Ҳамчунин Санобар Ҳомидова ба ҳайси муовини Раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод, Санавбар Раҳимова аъзои Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои иқтисод, илм, технология ва муҳит дар Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Зулфия Узоқова узви гурӯҳи миллии Парламенти Тоҷикистон дар Иттиҳоди парламентии кишварҳои узви Конфронси исломӣ фаъолият намуда, дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии байнипарламентӣ саҳм гузоштаанд.

Густариши дипломатияи байнипарламентии занон

            Дар солҳои 2005–2010 дар Маҷлиси Олӣ ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ: Ойнисо Баҳронова, Мавҷуда Бобоева, Қобиламо Ғуломшоева, Муҳиба Ёқубова ва вакилони Маҷлиси намояндагон: Шуҷоат Ҳасанова (муовини Раиси Маҷлиси намояндагон), Маҳбуба Нуритдинова, Гулчеҳра Бозорова,  Зулфия Узоқова, Тоҷиниссо Маҳмадова, Раъно Каримова, Махфират Хидирова, Зууракан Давлеталиева, Латофат Шарипова, Хадича Ҳакимова, Галия Рабиева фаъолият намуданд. Дар ин давра иштироки вакилбонуҳо дар дипломатияи байналмилалӣ боз ҳам густариш ёфт. Бахусус, дар форумҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ масъалаҳои амният, рушди иҷтимоӣ,  ҳуқуқи занон ва таҳкими сулҳро матраҳ намуда, таҷрибаи Тоҷикистонро дар таҳкими ваҳдати миллӣ муаррифӣ мекарданд.

Шуҷоат Ҳасанова ҳамчун муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ва роҳбари гурӯҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди парламентии Осиё барои сулҳ Тоҷикистонро дар мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ намояндагӣ менамуд. Дар баробари ӯ аъзои гурӯҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИБП Маҳбуба Нуритдинова, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва молия Гулчеҳра Бозорова, аъзои гурӯҳи ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Аврупо Тоҷиниссо Маҳмадова,  Зууракан Давлеталиева аъзои Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё оид ба сиёсати иҷтимоӣ, аъзои гурӯҳи ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Аврупо Хадича Ҳакимова ва дигарон дар рушди ҳамкории байналмилалии парламентӣ саҳм доштанд.

Болоравии мақоми зан дар дипломатияи парламентӣ

            Давраи солҳои 2010–2015 марҳилаи сифатан нави иштироки занон дар дипломатияи парламентӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин давра Парламенти мамлакат на танҳо низоми қонунгузории кишварро дар ҳамаи самтҳо такмил дод, балки ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалӣ низ қадамҳои устувор гузошт.

Дар ин давра Назира Ғаффорова ба ҳайси муовини Раиси Маҷлиси намояндагон фаъолият намуда, дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим бозид. Ҳамчунин вакилбонувон Марҳабо Ҷабборова, Хайринисо Юсуфӣ, Хадича Ҳакимова, Саодат Амиршоева, Мунаввара Кенҷаева, Бибидавлат Авзалшоева, Мақсуда Саматова, Махфират Хидирова, Сабоҳат Муқумова, Галия Рабиева, Нодира Турдиматова дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштироки фаъолона доштанд.

Маҳз дар ҳамин марҳила иштироки вакилбонуҳо дар ҷаласаҳои Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бештар гардида, масъалаҳои баробарии гендерӣ, рушди устувор ва амнияти минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи онҳо қарор гирифтанд.

11 майи соли 2011 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус мулоқоти кории роҳбарони гурӯҳҳои парламентии давлатҳо – иштирокчиёни Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор шуд, ки дар он Тоҷикистонро муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова намояндагӣ намуд. Дар ҷаласа масъалаҳои мубрам, аз ҷумла таҳдиди фаъолияти экстремистӣ, ҷанги иттилоотӣ, зарурати ҳамоҳангсозии фаъолият дар ҷодаи сиёсати берунӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, таъсиси соҳтори ҳарбӣ-иқтисодӣ матраҳ гардида, қарорҳои алоқаманд қабул шуданд.

Ҳамзамон 23 майи соли 2012 раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова дар ҷаласаи Кумитаи доимамалкунандаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф, ки дар Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид, иштироки фаъолона намуда, дар муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба лоиҳаҳои Кодекси моделии инноватсионӣ барои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, қонунҳои моделии «Оид ба тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозор», «Дар бораи паркҳои миллӣ», «Оид ба масъулияти иштирокчиёни раванди таҳсилот», инчунин доир ба таҳлили вазъи иҷрои нақшаи қонунгузории моделӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2011 – 2015 мубодилаи афкор намуд .

Таҳлили робитаҳои парламентии даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки фаъолияти байналмилалии он аслан ба тавсеаи робитаҳо бо парламенти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мамлакатҳои хориҷи дур, ратификатсияи созишномаҳо, лоиҳаҳо нигаронида шуда буд .

Ҳамин тавр, вакилбонуҳои даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон бо самту паҳлуҳои нави корӣ, иқдому ташаббусҳои пайваста дар ҳамаи бахшҳо ва ноил шудан ба камолоти қонунгузориву дипломатияи парламентӣ дар рушди парламентаризми тоҷик нақши босазо гузоштанд.

Иштироки фаъол дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ

           Дар даъвати панҷум (2015–2020) нақши занон дар фаъолияти байналмилалии парламентӣ боз ҳам тақвият ёфт. Хайринисо Юсуфӣ ҳамчун муовини Раиси Маҷлиси намояндагон фаъолияти густурдаи байналмилалӣ анҷом дода, ҳамчунин вакилбонувон Лутфия Раҷабова, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Мавлуда Қаландарзода, Насиба Содиқӣ, Мавлудахон Мирзозода, Гулбаҳор Назирӣ, Бибидавлат Авзалшоева, Гулнора Бобоева, Мусаллам Қодирова, Гулбаҳор Ашурзода, Мавзуна Шамсиддинзода, Дилрабо Мансурӣ, Фирӯза Шарифӣ дар чорабиниҳои сатҳи баланд Тоҷикистонро намояндагӣ мекарданд.

Дар ҳамин давра вакилбонувон дар форумҳои байналмилалӣ масъалаҳои обу иқлим, мубориза бо терроризм, муҳоҷират, ҳуқуқи инсон ва рушди устуворро пайгирӣ менамуданд. Намояндагони парламент дар форумҳои занони АвруОсиё, конфронсҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҳамоишҳои сатҳи баланд фаъолона иштирок карда, таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ ва сулҳпарварӣ муаррифӣ намуданд.

Аз ҷумла, иштироки ҳайати Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ дар Форуми дуюми занони АвруОсиё дар шаҳри Санкт-Петербург аҳамияти калон дошт. Дар ин форум масъалаҳои рушди устувор, баробарии гендерӣ, дастрасии занон ба идоракунӣ ва нақши онҳо дар таъмини сулҳ баррасӣ гардиданд. Қадрдонии Хайринисо Юсуфӣ бо ҷоизаи байналмилалии «Эътирофи ҷомеа» далели эътирофи фаъолияти занони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Дар иртибот ба пешниҳоди Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) соли 2014 (даъвати чорум,  барои солҳои 2014-2015 ва соли 2015 барои солҳои 2015-2020, даъвати панҷум) дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи миллӣ оид ба масъалаҳои аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд, ки он то ҳол зери роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон (аз ҳисоби занон) фаъолият дорад.  Мақсад аз таъсиси Кумита мустаҳкам намудани ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои аҳолӣ ва рушди он байни вакилони парлумон, ниҳодҳои ҳукуматӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри татбиқи минбаъдаи мақсадҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушди он мебошад (МКНР).

Соли 2016 бо пешниҳоди роҳбарияти Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳамраиси Кумитаи доимамалкунадаи Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ба фаъолияти ҷавонон интихоб гардид, ки роҳбарии онро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба зимма дошт.

Рӯзҳои 28 феврал – 2 марти соли 2019 ҳайати парламентии кишвар таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнламилалии меҳнат ба шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Русия рафта, Хайринисо Юсуфӣ дар он ҷо доир ба ташаббусу тадбирҳои анҷомёфтаи Тоҷикистон сухан кард.

Ҳадафҳои асосии ба роҳ мондани чунин ҳамкории парламентии даъвати панчуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи аҳдномаҳои байнидавлатӣ, омӯзиши таҷрибаи қонунэҷодкунии дигар кишварҳо, инкишофи муносибатҳои дӯстона, муҳайёсозии заминаҳои меърии ҳуқуқии ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ширкат дар конфронсу семинарҳо ва ғайра буд.

Дар ин марҳилаи таърихӣ аз ҷониби вакилбонуҳои Маҷлиси намояндагон ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона бо парламентҳои давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ корҳои муҳим анҷом дода шуданд, ки ба тақвияти бештари  сиёсати хориҷии кишварамон мусоидат намуданд.

Марҳилаи нави рушди дипломатияи парламентии занон

Дар даъвати шашуми (2020–2025) Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти байналмилалии вакилбонувон боз ҳам густариш ёфта, нақши онҳо дар таҳкими дипломатияи парламентӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ назаррас гардид. Ин марҳила идомаи мантиқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми занон ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ ба шумор меравад.

Вакилбонуҳои даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва вусъати муносибатҳои байнипарламентӣ бартарӣ дода, ин шеваи корро, ки таҷассумгари воқеии дипломатияи парламентӣ аст, асоси пешрафт ва дӯстию ҳамгироӣ миёни кишварҳо донистанд.

Даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз фаъолтарин марҳилаҳои рушди дипломатияи парламентӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра иштироки занон дар фаъолияти байналмилалии парламент, муколамаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба сатҳи нав баромад.

Дар ин марҳила Дилрабо Мансурӣ ба ҳайси муовини Раиси Маҷлиси намояндагон солҳои 2020–2024 ва Мавсума Муинӣ солҳои 2024–2025 дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкории байнипарламентӣ саҳми назаррас гузоштанд. Онҳо Тоҷикистонро дар мулоқотҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндагӣ намуда, дар муаррифии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши фаъол доштанд.

Дар баробари иштирок дар мулоқоту ҳамоишҳои сатҳи баланд вакилбонуҳо инчунин дар рафти маъаркаҳои муҳими сиёсӣ, ба монанди интихоботи президентӣ, парламентӣ ва қабули Конститутсияи кишварҳои хориҷӣ низ ҳамчун ҳамоҳангсоз ва мушоҳидачӣ иштирок намуданд.

Чунончӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҳамчун ҳамоҳангсози ҳайати байналмилалии нозирон дар рафти мушоҳидаи интихоботи ғайринавбатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 20 ноябри соли 2022 баргузор гардид, фаъолона иштирок намуд. Мавсуф ҳамчун Роҳбари гурӯҳи мониторингии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷараёни фаъолияти ҳайати нозирон ҳамроҳ бо Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дмитрий Кобитский, бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермухамбет Конуспаев мулоқот баргузор намуд. Дар  вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳо оид ба ташкили раванди интихобот ва натиҷаҳои боздиди нозирони байналмилалӣ аз қитъаҳои интихоботиро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин дар ҳайати даъвати шашум вакилбонуҳои фаъол — Сумангул Тағойзода, Насиба Содиқӣ,  Сурайё Дӯстмуродзода, Мавлудахон Мирзозода, Гулбаҳор Назирӣ, Мавзуна Шамсиддинзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Парвина Маликзод, Гулбаҳор Ашурзода, Сарвиноз Маҷидзода, Ранохон Бобоҷониён, Ҳуснигул Одиназода, Мунаввар Абдусаломзода, Муҷибахон Ҷавҳарӣ,  Идигул Қосимзода, Гавҳар Шарофзода, Солеҳа Холмаҳмадзода ва Бибиосия Аюбӣ фаъолият намуда, дар рушди дипломатияи парламентӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Метавон баъзе чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро номбар кард, ки дар рушди дипломатияи парламентӣ замина гузоштаанд.

15 майи соли 2023 дар пойтахти мамлакат таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ ва ҳамраиси ҷаласа сардори раёсати ҳайати вакилони Парламенти Аврупо Андрис Америкс ҷаласи 10-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида, дар он масъалаҳои вазъи сиёсӣ, рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

17-20 марти соли 2024 ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, раиси Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия сафар намуда, дар кори мизи мудаввар таҳти унвони “Тоҷикистон: ташаббусҳои глобалӣ ва раванди ислоҳоти демократӣ”, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия созмон дода шуда, таҳти роҳбарии Томаш Здеховский раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ва намояндаи ҳизби халқӣ – ҳизби ҳукмрон дар Парлумони Аврупо ва ҳамрасии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ баргузор шуд, иштирок ва Тоҷикистонро дар он муаррифӣ намуданд .

Дар ин чорабинӣ, ки дар бинои Парлумони Аврупо баргузор гардид, вакилони гурӯҳҳои мухталифи Парлумони Аврупо Томаш Здеховский — намояндаи Чехия, Андрис Америкс — намояндаи Латвия, Тиерри Марианӣ — намояндаи Фаронса ва Катарина Рос Неведалова-намояндаи Словакия иштирок намуданд.

Дар нишаст муовини роҳбари Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR Regional office Europe Central Asia) Себастян Пензинӣ, сардори шуъбаи Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Дитмар Крисслер, коршиносон, аз ҷумла намояндагони Парлумони Аврупо ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Дар рафти мизи мудаввар дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва нақши барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири эъмори давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, рушди тамоми соҳаҳо ва ташаббусҳои стратегии Тоҷикистон таъкид гардид.

Дар рафти мизи мудаввар аз нақши босамари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъол, ташаббускор ва нақшофар дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим бори дигар ёдовар карда шуд

Дар доираи сафар ҳамзамон якчанд вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони баландпояи Парлумони Подшоҳии Белгия, сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла  ноиби Президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас, ноиби Президенти Парлумони Аврупо Ҳейди Ҳаутала, муовини якуми Раиси Сенати Подшоҳии Белгия Андрис Груффой, ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистон дар Палатаи намояндагони Подшоҳии Белгия таҳти роҳбарии Тим Ванденпут анҷом дода шуданд.

13 — 15 майи соли 2024 вакилбонувон  Мавсума Муинӣ ва Бибиосия Аюбӣ дар шаҳри Самарқанд дар нахустин Форуми байналмилалии занони Осиё дар мавзуи «Равиши минтақавӣ дар масъалаҳои тавсеаи ҳуқуқ ва имконоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии занон» иштирок намуда, дар доираи форуми мазкур мулоқотҳои дуҷонибаро бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон Нарбаева Танзила, Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Исмоилов Нуриддин, муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти анҷом доданд, ки барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар самти қонунгузорӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз аҳамият холӣ нест.

10 — 11 июни соли 2024 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» Парламенти Тоҷикистон Форуми байналмилалии парламентиро таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» баргузор намуд, ки ба таҳкими муколамаи байналмилалӣ дар самти масъалаҳои об, ҷавонон, занон ва рушди устувор мусоидат кард.

Дар ин ҳамоиш намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон дар сатҳи раисони парлумон, муовинони раисон ва раисони кумитаву комиссияҳо, аз ҷумла аз Малайзия, Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Австрия, Босния ва Ҳерсеговина, Молдова, Непал, Молдова ва ғайра иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои тавонмандсозии занон, ҷавонон, баробарии гендерӣ, суботи демографӣ, камбизоатӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим, инчунин роҳҳои ҳалли татбиқи неруи пурраи занон тавассути сиёсати оила, таҳкими шарикӣ ва суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 баррасӣ шуданд.

Хулоса, вакилбонуҳои даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон дар ин давра дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ иштироки фаъол доштанд. Онҳо дар баррасии масъалаҳо оид ба амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, рушди устувор, ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ мавқеи Тоҷикистонро муаррифӣ мекарданд.

Дар ҳамин давра вакилони Маҷлиси намояндагон дар раванди тасдиқи созишномаҳо, шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуданд. Бо истифода аз сиёсати «дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон боз ҳам густариш ёфта, саҳми вакилбонуҳо дар таҳкими эътимод ва ҳамкории байналмилалӣ назаррас гардид.

Даъвати ҳафтум (2025–2030): идомаи рушди дипломатияи парламентии занон

Дар раванди ҷаҳонишавӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалию байнипарламентии ҷаҳонӣ ва кишварҳои дуру наздик, сарфи назар аз дастовардҳои қаблӣ ҳар замон муносибати ҷиддитар ва назари фарохтарро тақозо менамояд.

Имрӯз сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чоряк асри истиқлолияти комили худро пушти сар дорад, ба муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба мавқеи махсус дода, зарурати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳо ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ аз он бармеояд, ки кишвар дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ пайваста талош меварзад.

Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни даъвати ҳафтум бо фаъолияти хориҷии худ мазмуну муҳтавои тоза касб намуд. Парламенти касбии тоҷик ҳамчун ҷузъи ҳаммароми ҳокимият ва ҷомеаи тоҷикон ҷиҳати дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудан ва боло бурдани обруву нуфузи халқу давлати тоҷикон саҳми арзишманд гузошта истодааст.

Бо ин мақсад Парламенти мамлакат — Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву роҳнамоии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Файзалӣ Идизода  пайваста кӯшиш дорад, саҳмашро дар ҳимояи манфиатҳои давлатӣ афзуда, дар расонидани сиёсати сулҳҷӯёна дар мавқеи ҷаҳонӣ эътибори кишварро боло барад.

Бо фароҳам гардидани шароити бештару муносиб ва дастгириҳои давлат дар даъвати ҳафтуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки занон дар рушди қонунгузорӣ ва дипломатияи парламентӣ боз ҳам густариш ёфта, нақши онҳо дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафтааст.

Дар ҳайати даъвати ҳафтум вакилбонуҳо — Мавсума Муинӣ, Барно Саидвализода, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Нилуфар Имомзода, Сурайё Дӯстмуродзода, Дилноза Аҳмадзода, Сарвиноз Маҷидзода, Дилноза Муродуллозода, Наима Солизода, Мадина Бобоиён, Нигина Шарифзода, Ҳусния Исҳоқӣ, Зарафо Қиёмзода, Фарзона Хоҷазода, Ҷамила Мусоҷонзода, Мунаввар Абдусаломзода, Бибиосия Аюбӣ ва Дилафрӯз Саидӣ дар фаъолияти байналмилалӣ ва рушди дипломатияи парламентӣ саҳми назаррас доранд.

Ба ҳайати вакилонбонувони даъвати ҳафтуми Маҷлиси намояндагон олимон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, омӯзгорон, рӯзноманигорон ва намояндагони касбу корҳои дигар интихоб гардидаанд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илм ва 10 нафар номзади илм мебошанд.

Дар байни вакилбонуҳои даъвати ҳафтуми Маҷлиси намояндагон як нафар – Барно Саидвализода дорои рутбаи баланди ҳарбӣ: генерал – майори милитсия мебошад.

Ҳамзамон дар даъвати ҳафтум 1 нафар ба ҳайси муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, 2 нафар ба ҳайси раисони кумитаҳо ва 4 нафар ҳамчун муовинони раиси кумитаҳо фаъолият намуда, дар таҳияву такмили қонунгузории миллӣ ва таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ нақши бориз доранд.

Аз ҷумла:

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ;

раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода;

раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон;

муовини раиси кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Нилуфар Имомзода;

муовини раиси кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Дилноза Аҳмадзода;

муовини раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сурайё Дӯстмуродзода;

муовини раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сарвиноз Маҷидзода.

Давоми се даҳсола дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор аз 5 нафари соли 1995 ё 2,75 фоиз то 18 нафар ё 28,6 фоиз расонида шудани шумораи вакилбонувон гувоҳи равшани татбиқи муваффақонаи сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби занон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар мебошад.

Дар айни замон дар назди муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва иштироки фаъолонаи вакилзанон дар ҳамоишу чорабиниҳои мухталиф доир ба масъалаҳои гендерӣ, солимии занону духтарон, таҳияву такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа Гурӯҳи Иттиҳоди занони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият дошта, ҳамкориро бо вакилзанони парлумонҳои хориҷи кишвар ҷиҳати мубодилаи таҷриба дар самти фаъолияти қонунгузорӣ ва ҷалби занон ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар ба роҳ мондааст.

Гурӯҳи Иттиҳоди занони Маҷлиси намояндагон фаъолияти  иттиҳодияи ихтиёрии парламент буда, дар самти васеъ кардани имконият ва беҳтар намудани вазъи занони Тоҷикистон ба иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ,  баланд бардоштани иқтидор ва рушди сифатҳои роҳбарикунандаи вакилзанон мусоидат менамояд.

Ҳоло вакилбонуҳои Маҷлиси намояндагон дар сохторҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Ассамблеяи парламентии Осиё, Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Парламенти Аврупо,  Фонди парламентҳои Осиёӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, комиссияҳои доимӣ ва шуроҳои байналмилалӣ оид ба экология, тандурустӣ ва муҳити зист, инчунин ба ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои 70 давлати ҷаҳон дохил буда, пайваста дар кори онҳо фаъолона иштирок менамоянд.

1 нафар вакил аз ҳисоби занон (муовини Раиси Маҷлиси намояндагон) бевосита роҳбарии 2 гурӯҳи миллӣ дар сохторҳои байналмилалӣ (гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудан ба ҳайати Гурӯҳи миллии Ассамблеяи парламентҳои Осиё ва гурӯҳи ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Парламенти Аврупо) ва 11 нафар вакилбонувон роҳбарии 17 гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ (кишварҳои Шоҳигарии Белгия, Узбекистон, Литва, Муғулистон, Руминия, Куба, Баҳрайн, Латвия, Гурҷистон, Ҳиндустон, Фаронса, Хорватия, Юнон ва ғайра)-ро   бар дӯш дошта, пайваста бо фаъолияти серҷабҳаи худ ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат менамоянд.

Зимни баргузории Иҷлосияи  15-уми Ассамблеяи генералии  Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) (27 апрели соли 2025, дар шаҳри Куала-Лумпури   Малайзия) ба ҳайси  роҳбари Кумитаи навтаъсиси ин платформаи парламентӣ оид ба масъалаҳои иқлим интихоб шудани муовини Раиси Маҷлиси намояндагон аз таваҷҷуҳ ва эътимоду эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Тоҷикистон дарак медиҳад.

Вакилбонуҳои тоҷик дар баробари кори гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ инчунин дар конфронсҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳои расмӣ бо намояндагони парламентҳои кишварҳои хориҷӣ фаъолона иштирок намуда, масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла рушди устувор, амнияти минтақавӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон, муҳоҷират, тағйирёбии иқлим ва таҳкими сулҳу суботро матраҳ месозанд.

Аз ҷумла, 15 сентябри соли 2025 дар бинои нави Парламенти Тоҷикистон ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, роҳбари Кумитаи ҳамкории байнипарламентӣ Муинӣ Мавсума ва ҳамраиси ҷаласа —  раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ (DCAS) Ҷузеппина Принчӣ доир гардида, дар он дурнамои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду ҷониб матраҳ шуданд.

Ҳамзамон ҳайати парламентӣ 19 — 20 сентябри соли 2025 дар маросими хотимавии ташаббуси «Ҷавондухтарон барои сулҳ: Тавонмандсозии ҷавондухтарони Осиёи Марказӣ»-и Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Венаи кишвари Австрия иштирок намуда, доир ба саҳми занони тоҷик дар пешбурди сулҳ, муколамаи созанда ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар баромад намуданд.

Дар доираи сафар вохӯриҳои роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар бо муовини Президенти Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Гудрун Куглар, Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Австрия — Осиёи Марказӣ ва Муғулистон хонум Ҳенрике Брандштёттер,  мудири Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Кейт Фирон доир шуданд ва дар рафти онҳо ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкориҳо бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар самтҳои афзалиятнок зоҳир намуда, андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати амалинамоии ҳадафу муқаррароти санадҳои байниҳукуматӣ ва байналмилалӣ, ки то ин ҷониб  ба имзо расидаанд, зарур шумориданд.

Рӯзҳои 30 март – 1 апрели соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Дилноза Муродуллозода дар нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон  доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори форум дар се бахш, аз ҷумла, вазъи кунунии муколамаи сиёсии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, нақши дипломатияи парлумонӣ дар таҳкими эътимод ва рушди ҳамкориҳои устувору шарикӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, иқтисодӣ, экологӣ, робитаҳои нақлиётӣ, тағирёбии «сабз»-и минтақа, волоияти қонун, нақши парлумонҳо дар таҳкими институтҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқи инсон ва ташаккули фазои рақамии бехатару идоракунии фарогир идома ёфта, дар он вакилони парламентҳои кишварҳои Аврупо, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, коршиносони байналмилалӣ ва воситаи ахбори умум иштирок ва ҷабҳаҳои гуногуни масъалаҳои бахшҳои форумро мавриди баррасӣ қарор дода, мубодилаи афкор намуданд.

Дар доираи сафар ба шаҳри Самарқанд ҳайати Парламенти Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Содиқ Сафоев мулоқот доир намуда, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои байнидавлатию ҳамкории байнипарламентӣ байни кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон, ба хусус ташкили  ҳамкории кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти табодули таҷриба оид ба такмили қонунгузорӣ, парламентаризм, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тиҷоратии тарафайн ибрози ақида намуданд.

Ҳамкории байнипарламентӣ бо кишварҳои Туркия, Федератсияи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон, Ҳиндустон, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Корея, Фаронса, Белгия, Олмон ва дигар кишварҳо пайваста рушд меёбад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки танҳо давоми соли 2025 ва панҷ моҳи аввали соли 2026 (даъвати ҳафтум) беш аз 28 мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаи судманди муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар вакилон бо ҳайатҳои воломақоми Парламенти кишварҳои Узбекистон, Иттиҳоди Аврупо, Белгия, Фаронса, Олмон, Австрия, Финландия, Малайзия, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), инчунин бо ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, роҳбарони олии Намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва минтақа: Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, СММ — Занон, роҳбарияти Дафтари Барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе, директори Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, сармуҳаррири маҷаллаи бонуфузи ҷаҳонии Diplomatic World баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳо доир ба таҳкими дипломатияи парламентӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои  амнияту сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму маориф, фарҳангу маънавиёт,  соҳибкориву сармоягузорӣ, саноату технологияҳои рақамӣ, ҳуқуқи инсон ва дигар самтхо мубодилаи тарафайн қарор гирифтанд.

Фаъолияти байналмилалии вакилбонуҳои даъвати ҳафтум нишон медиҳад, ки имрӯз дипломатияи парламентии Тоҷикистон бе иштироки фаъоли занон ғайриимкон аст. Занони вакил ҳамчун чеҳраҳои фаъоли сиёсӣ ва дипломатӣ дар таҳкими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳон саҳми арзанда мегузоранд.

Нақши байналмилалии занон ва сиёсати гендерии Тоҷикистон

Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба якчанд санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи занон ҳамроҳ гардида, сиёсати худро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Пазируфта шудани Тоҷикистон ба ҳайси узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми занон ва татбиқи нақшаҳои миллӣ вобаста ба Қатъномаи 1325 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид намунаи равшани таваҷҷуҳи давлат ба иштироки занон дар масъалаҳои сулҳ ва амният мебошад.

Дар татбиқи ин ҳадафҳо вакилзанон ва намояндагони фаъоли ҷомеа нақши муҳим доранд. Онҳо дар муколамаҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои амният, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тағйирёбии иқлим ва мубориза бо таҳдидҳои муосир мавқеи фаъол доранд.

Хулоса, таҳлили фаъолияти даъватҳои гуногуни Парламенти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вакилбонуҳои тоҷик бо масъулияти бузург ва эҳсоси баланди миллӣ дар рушди дипломатияи парламентӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозанд.

Иштироки онҳо дар форумҳо, конфронсҳо, мулоқотҳои байнипарламентӣ ва ҳайатҳои расмӣ на танҳо ба болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд, балки собитгари он аст, ки занони тоҷик дорои ҷаҳонбинии сиёсӣ, фарҳанги баланди дипломатӣ ва қобилияти муассири намояндагӣ мебошанд.

Метавон гуфт, ки зери сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ба неруи созанда, ақлонӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфта, на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, балки дар муаррифии симои фарҳангӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши арзанда мегузоранд. Зани тоҷик имрӯз танҳо иштирокчии равандҳои сиёсӣ нест, балки ҳамчун субъекти фаъол, андешаманд ва масъулиятшиноси ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳомили арзишҳои миллӣ, фарҳанги сулҳ, муколама ва ҳамкории созанда шинохта мешавад.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум 19 марти соли 2025 чунин баён доштанд: «Таҳкими ҳамкории байнипарламентии мақоми қонунгузори кишвар, тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои дуру наздик бо мақсади рушди қонунгузорӣ таҷрибаи хуб мебошад.

Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки вакилони муҳтарам бояд аз таҳаввулоту дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷаҳони имрӯза пайваста бохабар ва ҳамқадами замон бошанд».

Дар ин замина, дипломатияи байнипарлумонии Тоҷикистон бе иштироки фаъол, ҳузури маънавӣ ва саҳми амалии занон тасаввурнопазир аст. Вакилбонуҳои тоҷик, ки дар партави сиёсати созанда, инсонмеҳвар ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба майдони васеи фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ворид гардидаанд, бо донишу таҷриба, ҷаҳонбинӣ, заковати сиёсӣ ва масъулияти баланди ватандӯстӣ дар таҳкими сиёсати сулҳҷӯёна, башардӯстона ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд. Фаъолияти онҳо дар минбарҳои байнипарлумонӣ на танҳо ифодаи рушди парламентаризм ва баробарии имкониятҳо, балки нишонаи камолоти ҷомеаи демократӣ, болоравии фарҳанги сиёсӣ ва густариши нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат амалӣ мегардад, барои занони тоҷик фазои нави таърихӣ ва имконияти воқеии худшиносӣ, худтатбиқсозӣ ва иштироки фаъолона дар идоракунии давлатро фароҳам овард. Маҳз дар партави истиқлолият ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат занон тавонистанд неруи зеҳнӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии худро дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими обрӯю эътибори байналмилалии кишвар ва пешбурди ғояҳои сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ равона созанд. Аз ин рӯ, саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо воқеияти сиёсӣ, балки падидаи муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва давлатсозӣ мебошад, ки арзиши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳони муосир рӯз аз рӯз афзун мегардад.

Мавсума МУИНӢ,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих

 

Сентябрь 29, 2026 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»