Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Ереван иштирок кард
ДУШАНБЕ, 11.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 июн дар шаҳри Ереван ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа вазирон вазъи минтақавию байналмилалӣ ва таъсири он ба амнияти давлатҳои узви СААД-ро баррасӣ карда, мубодилаи афкор атрофи такмили абзори вокуниш ба буҳронҳо анҷом доданд.
Аз натиҷаи ҷаласа вазирон Нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои узви СААД оид ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои солҳои 2022-2024-ро тасдиқ карда, Изҳорот оид ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ қабул намуданд.


Дар ҳошияи ҷаласа вазирон аз ҷониби Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Н.В.Пашинян ба ҳузур пазируфта шуданд.
Ҷаласаи навбатии ШВКХ СААД дар семоҳаи чоруми соли 2022 дар шаҳри Ереван баргузор мегардад.
Акс: ВКХ ҶТ









Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд






