Аввалин Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аввалин Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи муассиса муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Асомиддин Бобозода иброз намуд, ки Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, имкони қабули 100 нафар кӯдакро дорад.


Ба гуфти номбурда, дар шаҳри Душанбе муассисаҳои хусусӣ барои кӯдакони болаёқат фаъолият мекунанд, аммо ин аввалин муассисаи буҷетӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки кӯдакистон дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шуда, дар он тамоми шароити мусоид барои кӯдакон муҳайё мебошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе










ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






