Аввалин тоҷики муқими Русия сазовори унвони довари дзюдои дараҷаи умумирусиягӣ гардид

Июнь 30, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зодаи Тоҷикистон ва муқими Федератсияи Русия Мустақим Ҳотамов- мураббӣ оид ба дзюдо, дорандаи 3 дан, довари дараҷаи 1, узви Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Саха (Якутия) дирӯз аз тарафи Вазорати варзиши Федератсияи Русия сазовори унвони довари дзюдои дараҷаи умумирусиягӣ гардид. Ў аввалин тоҷик аст, ки дар Русия ба ин унвон сазовор шудааст.

Тавре Мустақим Ҳотамов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, вай баъд аз даҳ соли талош ба ин унвон мувваффақ шуд.

Мавсуф соли 2000 ба Русия сафар намуда, то ба имрӯз дар ин кишвар кору зиндагӣ дорад. Аз соли 2005 то ҳол Раиси Ассотсиатсияи клуби «Сомонӣ» оид ба дзюдо дар Ҷумҳурии Саха мебошад.

«Ман дар Ассотсиатсияи клуби «Сомонӣ» ба тарбияи шогирдон аз намуди дзюдо машғул мебошам ва мо дар чандин мусобиқаҳои варзиши ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштирок намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидем»-иброз намуд Мустақим Ҳотамов.


МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Мустақим Ҳотамов 20 январи соли 1982 дар Ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и ноҳияи мазкурро хатм намуда, ба Омӯзишгоҳи касбии техникии №66-и шаҳри Душанбе дохил шудааст ва онро бо муваффақият хатм кардааст.

Соли 2021 ба Донишкадаи варзиши Ҷумҳурии Саха дохил шуда, таҳсилро идома дода истодааст. Оиладор соҳиби 3 фарзанд мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз сомонаи иҷтимоии Мустақим Ҳотамов

Июнь 30, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд