Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар иҷлосия Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ворид намудани тағйир ба Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 13 майи соли 2004 дар Исломобод ба имзо расонида шуд, ба тасвиб расид.
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили мардумӣ Ғиёсиддин Ашӯрзода таъкид карданд, ки мақсад аз қабули Протокол- ин мукаммалгардонӣ ва рушди табодули ахбор байни мақомоти андози давлатҳо барои аз байн бурдани саркашӣ аз супоридани андозҳо мебошад. Инчунин маҳдудияти табодули иттилоот байни тарафҳо дар асоси тағйироти воридгардида аз байн бардошта мешавад.
Созишномаи мазкур 13 майи соли 2004 дар шаҳри Исломобод ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2005 ба тавсиб расид ва 6 майи соли 2005 эътибор пайдо намудааст.
Лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағийрот ба моддаи 25 Созишнома, ки аз ҷониби Покистон пешниҳод шудааст, дар доираи муқаррароти модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) таҳия гардидааст.
Протоколи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои болозикр қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, вакилони мардумӣ Фозил Обидзода, Мавлудахон Мирзозода, Бахтиёр Аҳмадзода, Музаффар Маҳмудзода муаррифӣ намуданд.
Акс: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд






