Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Варзоб 7 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

Июнь 20, 2022 16:32

ВАРЗОБ, 20.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии  Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 7 иншооти таъйиноти гуногун  ба истифода дода мешаванд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб Фарухи Абдуқодир  иброз намуд, ки  «имрӯзҳо гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида,  оид ба  аҳамияти ҷашни Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу он   изҳори андеша  мекунанд».

Ҳамчунин бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ имрӯзҳо корхонаи ободонии ноҳияи Варзоб маркази ноҳияро гулзор намуда, ҳамарӯза аз партобҳо тоза намуда,  барои дар муҳити зебо ҷашн гирифтани ин сана дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд. Ҳамчунин маркази ноҳия бо шиору овезаҳои дорои ғояҳои ватандӯстӣ оро дода шудааст.

Ба муносибати  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳаммадулло ва саҳми соҳибкорону сокинони ноҳия бунёди 158 иншооти гуногунро ба нақша гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, ҳамому марказҳои хизматрасонии нав бунёд мешаванд. Инчунин баҳри саноатикунонии ноҳия сохтмони корхонаю коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ оғоз гардидааст.

АКС  аз АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2022 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии «Ҳаёт»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ «Анқо-инвест» оғоз бахшиданд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид