Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон ҳамоиши методӣ-таълимӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти донишу малака, мубодилаи таҷриба, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ дар толори «Кохи афсарон» ҳамоиши методӣ-таълимӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиа хабар доданд.
Масъулини Вазорати мудофиа дар назди иштирокдорони ҳамоиш баромад намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар иҷрои вазифаҳои бар зимаашон гузошташуда пурмасъул бошанд ва дар машғулиятҳои пешбинигардида малакаи худро сайқал дода, дар раванди вазифаҳои хизматӣ аз он ба таври самаранок истифода намоянд.
Дар қисмати назариявии ҳамоиши методӣ-таълимӣ мутахассисони як қатор вазорату идораҳо аз ҷумла, Академияи миллии илмҳо, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзуъҳои «Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа», «Аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров», омӯзиши талаботи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва расонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ маърузаҳои пурмазмун намуданд.
Бо дарназардошти оне, ки қисми асосии ҳайати афсарону сарбозони Артиши миллии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, баромадкунандагон зикр карданд, ки тарбияи ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимест, ки ба он мебояд бо масъулияти баланд муносибат кард. Зеро аз муносибати мо, ояндаи ҷавонон, яъне чӣ гуна шаклгирии шахсияти онҳо ва ҳам саҳмгириашон дар пешравии ҷомеа вобаста аст.
Дар идома ҳайати иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ аз қисми ҳарбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳ дидан намуда, машғулияти назариявии азхуднамудаашонро дар амал тадбиқ намуданд.
Иштирокчиён аз китобхона, хонаҳои фароғативу хизмати маишӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар нуқтаҳои вобаста ба самти фаъолияти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дидан намуда, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти пурсамари хеш аз чунин тартиби пешбинигардида кор баранд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






