Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон ҳамоиши методӣ-таълимӣ баргузор гардид

Июнь 29, 2022 09:54

ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти донишу малака, мубодилаи таҷриба, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ дар толори «Кохи афсарон» ҳамоиши методӣ-таълимӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиа хабар доданд.

Масъулини Вазорати мудофиа  дар назди иштирокдорони ҳамоиш  баромад намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар иҷрои вазифаҳои бар зимаашон гузошташуда пурмасъул бошанд ва дар  машғулиятҳои пешбинигардида малакаи худро сайқал дода, дар раванди вазифаҳои хизматӣ аз он ба таври самаранок истифода намоянд.

Дар қисмати назариявии ҳамоиши методӣ-таълимӣ мутахассисони як қатор вазорату идораҳо аз ҷумла, Академияи миллии илмҳо, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзуъҳои «Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа», «Аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров», омӯзиши талаботи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва расонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ маърузаҳои пурмазмун намуданд.

Бо дарназардошти оне, ки қисми асосии ҳайати афсарону сарбозони Артиши миллии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, баромадкунандагон зикр  карданд, ки тарбияи ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимест, ки ба он мебояд бо масъулияти баланд муносибат кард. Зеро аз муносибати мо, ояндаи ҷавонон, яъне чӣ гуна шаклгирии шахсияти онҳо ва ҳам саҳмгириашон дар пешравии ҷомеа вобаста аст.

Дар идома ҳайати иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ аз қисми ҳарбии  Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳ дидан намуда, машғулияти назариявии азхуднамудаашонро дар амал тадбиқ намуданд.

Иштирокчиён аз китобхона, хонаҳои фароғативу хизмати маишӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар нуқтаҳои вобаста ба самти фаъолияти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дидан намуда, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти пурсамари хеш аз чунин тартиби пешбинигардида кор баранд.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Июнь 29, 2022 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд