Чемпиони ҷаҳон Беҳрӯз Хоҷазода пас аз 2 соли муолиҷа дигарбора ба майдони тамрин баргашт
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи тоҷик, Чемпиони ҷаҳон оид ба намуди самбо Беҳрӯз Хоҷазода пас аз ду соли муолиҷа ба тамрин оғоз кардааст, то дубора парчамбардори Ватан дар ҷаҳон гардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Яке аз мақсадҳои асосии Беҳрӯз Хоҷазода иштирок дар чемпионати ҷаҳон мебошад. Вале ба хотири тағйири баъзе қоидаҳо дар Федератсияи байналмилалии дзюдо шахсоне метавонанд дар мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок кунанд, ки соҳиби холҳои муайян бошанд. Хушбахтона, дар Гранд Слеми Улан-Батор варзишгарон метавонанд соҳиби холҳои олимпӣ гарданд. Беҳрӯз тӯли ин ду сол мусобиқаҳои байналмилалии дзюдоро пайгирӣ кардааст, то аз усул ва техникаи рақибони худ бехабар набошад.
Ба гуфтаи Беҳрӯз Хоҷазода, феълан таваҷҷуҳи ӯ барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Федератсияи дзюдои кишвар номи ӯро дар барнома ва нақшаҳои таҳиякардааш шомил намудааст. Бинобар ин, ҷиҳати ба даст овардани муваффақият дар майдонҳои берун аз кишвар тамринҳоро ҷиддӣ гирифтааст.
АКС: манбаъҳои боз








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






