ДАР АФҒОНИСТОН ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД РУХ ДОД. 280 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 600 кас ҷароҳат бардоштанд

Июнь 22, 2022 12:48

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзаи шаби гузашта дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон на кам аз 280 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии «Bakhtar» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар дод.

Дар вилоятҳои Хуст ва Пактико, воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон, заминларзаи шиддатнокиаш 6,1 бал рух дод, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира». Дар натиҷа на кам аз 280 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар дод агентии «Pajhwok» дар шабакаи иҷтимоии «Twitter».

Дар навбати худ, шабакаи телевизионии «TOLOnews»-и Афғонистон гузориш дод, ки шаби гузашта заминларза рух дода, дар натиҷаи он чанд бинои истиқоматӣ хисорот дидаанд. Тибқи изҳороти мақомоти маҳаллӣ, феълан дар минтақаи офати табиӣ амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома дорад.

«Бар асари заминларза дар ноҳияҳои Бармало, Зирук, Нака ва Гаяни вилояти Пактико на кам аз 255 нафар ба ҳалокат расида, 155 каси дигар захмӣ шуданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи ВАО-и маҳаллӣ. Ба садҳо нафар осебдидагон ёрии зарурии тиббӣ расонида шуда, хисороти расида арзёбӣ карда мешавад.

Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар дод, ки заминларзаи дар Афғонистон баамаломада дар Покистон ва Ҳиндустон низ дар масофаи беш аз 500 километр эҳсос шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, на кам аз ду такони зеризаминӣ ба қайд гирифта шудааст: 5,9 ва 4,5 бал. Дар ҳарду маврид маркази заминларза дар умқи беш аз 10 километр ҷойгир буд.

АКС: © AP Photo / Rahmat Gul

Июнь 22, 2022 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид