Дар Ашт мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба панкратион ва грэпплинг баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба панкратион ва грэпплинг (ADCC) доир гардид. Дар мусобиқа варзишгарон аз Ҷумҳурии Узбекистон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Раиси ноҳияи Ашт Ҳаётҷони Одил иттилоъ дод.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳия зикр кард, ки «беҳуда варзишро қосиди дўстӣ нагуфтаанд. Мусобиқаи мазкур дӯстиву бародарии байни наврасону ҷавононро боз ҳам мустаҳкамтар кард. Дар ҷараёни ин мусобиқа дӯстӣ, ҷасурӣ, адолат ва шаффофият ғолиб омад».
Мавриди зикр аст, ки тибқи Низомномаи тасдиқнамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Федератсияи панкратион ва грэпплинг (ADCC) – и вилояти Суғд мусобиқа байни наврасони 7-10 сола, 11-14 сола, ҷавонони 15-18 сола ва калонсолон (+18) сола баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ташвиқу тарғиби намуди панкратион, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорату малакаи доварону иштирокдорон азёбӣ мегардад.
Дар фарҷом Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар вазъи тантанавӣ ба ғолибон медал ва Сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Ашт








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






