Дар Душанбе Форуми оби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва мардуми бумӣ ба кори худ оғоз бахшид

Июнь 6, 2022 14:37

ДУШАНБЕ, 06.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Китобхонаи миллии  Тоҷикистон Форуми оби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва мардуми бумӣ бо иштироки зиёди намояндагони кишварҳои  хориҷӣ ва доираи васеи коршиносон аз соҳаҳои гуногун ҷараён дорад, — хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни он.

Форуми мазкур бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ  бо ҳамоҳангии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  карда  шудааст.

Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода меҳмонон ва иштирокдорони форумро ба Тоҷикистони офтобрӯя хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки масъалаи об ва мушкилоти норасоии он яке аз масъалаҳои глобалӣ маҳсуб мешавад. Аз ин хотир ҷиҳати ҳалли он ташаббуси чоруми Тоҷикистон бо пешниҳоди хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заруриву саривақтист.

Дар назар аст, ки дар идомаи форум  ширкаткунандагон оид ба аҳмияти об — ин ганҷинаи бебаҳо ва  манбаи асосии ҳаёт,  ҳифзу нигаҳдошти он мубодилаи афкор намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022  дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  баргузор мешавад.

Файзалӣ НИЁЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2022 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон