Дар Ереван ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Ереван таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Дар ин бора имрӯз котиби матбуоти СААД Владимир Зайнетдинов (ДАР АКС) хабар дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, ки вазирон вазъи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви ин созмонро баррасӣ намоянд.
«Ба аъзои Шӯро дар бораи корҳое, ки Котибот ва Ситоди муштараки СААД ҷиҳати такмили механизми вокуниш ба буҳрони созмон дар воқеияти геополитикии муосир анҷом медиҳанд, маълумот дода мешавад», — афзуд номбурда.
Дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи корҳои анҷомдода оид ба такмили механизми вокуниш ба буҳрони созмон дар воқеияти геополитикии муосир маълумот хоҳад дод.
СААД созмони байналмилалии амниятӣ буда, феълан шаш кишвар, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви он мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти СААД








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






