Дар Ереван Маҳмадтоир Зокирзода бо Ерлан Кошанов мулоқот намуд

Июнь 7, 2022 10:51

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар ҳошияи ҷаласаи сайёри Раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси парлумони Ҷумҳурии  Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тамоми арсаҳо баррасӣ шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки пойгоҳи ҳуқуқии равобити Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки аз беш аз 100 санад иборат аст, тақрибан тамоми ҷанбаҳои ҳамкориро дарбар мегирад.

Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам дар заминаи дуҷониба ва чӣ дар доираи формати бисёрҷониба ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2022 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид