Дар Хуҷанд ба бунёди мактаби варзиши камонварӣ санги асос гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди Мактаби махсуси варзиши камонварӣ санги асос гузошта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни гузоштани санги асос Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияту фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои асосӣ аз аз 2 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум утоқҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либоскашӣ ва толори маҷлисгоҳ ҷойгир мешаванд. Дар саҳни ошёнаи якум майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд.
Дар ошёнаи дуюми иншооти мазкур толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо аз рўи намуди камонварӣ, утоқи либоскашӣ ва утоқ барои нигоҳ доштани таҷҳизоти камонварӣ ҷойгир мешаванд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо варзишгарон изҳор дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти нав бунёд мегарданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо фаъол гардидани мактаби варзишии камонварӣ барои тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз миёни онҳо қаҳрамонҳое, чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.
Мактаби варзишӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ варзишгоҳи бузургтарини вилоят, қасри варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои теннис мавҷуд буда, ташкили иншооти нави соҳаи варзиш ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






