Дар Маҷлиси намояндагон се созишнома ба тасвиб расонида шуданд

Июнь 29, 2022 13:58

ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар иҷлосия Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» мавриди баррасӣ қарор гирифта,  аз ҷониби вакилон ба тасвиб расонида шуданд.

Масъалаҳои мазкурро ба вакилони мардумӣ муовини якуми  Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода, Ғиёсиддин Ашурзода,  Мунаввар Абдусаломзода баррасӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Июнь 29, 2022 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд