Дар ноҳияи Ашт барои бунёди 16 синфхонаи иловагӣ хишти аввал гузошта шуд

Июнь 28, 2022 12:22

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт барои сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ, ки бо фарогири 156 метри мураббаъ барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, хишти аввал гузошта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Раиси ноҳияи Ашт Ҳаётҷони Одил иттилоъ дод.

Дар маросими гузоштани хишти аввал дар 8 синфхонаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 ба номи Тӯлқун Хоҷаназарови деҳаи Хӯҷамбердиев, Ҷамоати деҳоти Ошоба ва 8 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №52 Ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок намуданд. Ҳамзамон раҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия, собиқадорони меҳнат, омӯзгорону хонандагон ва фаъолони деҳа ширкат карданд.

Неъматулло Ҳикматуллозода зикр кард, ки имрўз барои ободу зебо намудани диёр ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум Сарвари давлат тамоми кӯшишро равона карда истодаанд. Бунёди синфхонаҳои иловагӣ ба таври дастаҷамъона собит месозад, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро мардуми ноҳия ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Раиси ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Ориён бо шароит ва таъмиру омодагии 4 синфхонаи иловагие, ки дар деҳаи Нурафшон ба таври ҳашар бунёд гардидааст, шинос шуданд.


Бо дастгирии соҳибкорон Ҷамоати деҳоти Ориён муассисаи ибтидоии МТМУ №6 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуда, шароити таълим дар онҳо ба талаботи замон омода карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки бинои куҳнаи МТМУ №25 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бо таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар деҳаи дурдаст мактаби 4-ошёна, ки дорои таҳхона мебошад, бунёд гардид. Саҳни бино пурра сафолакпўш гардида, ойнабандиҳо пурра хотима ёфтааст.

Бино мувофиқ ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Корҳои ҷузъӣ ва омоданамоӣ ба соли нави хониш идома ёфта, иттилоъ дода шуд, ки то соли нави хониш пурра корҳои сохтмонӣ ба анҷом мерасанд.

АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Июнь 28, 2022 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оғоз ёфт
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти илму маориф тақвият меёбад
Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро аҳли илму маориф ботантана ҷашн гирифтанд
Дар шаҳри Турсунзода кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар шаҳри Истаравшан дуюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
«НАВРӮЗ — МУЖДАИ БАҲОРУ САРСАБЗИИ ТАБИАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷашни аҷдодиро таҷлил намуданд
НАВРӮЗ-ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАРҒИБГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан ва мубориза бо падидаҳои номатлуб мулоқот доир шуд
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Геология дар макон ва замон» доир шуд
Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзро бо барномаи рангину намоиши анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд