Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи VI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор» баргузор гардид

Июнь 22, 2022 09:59

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор»-и Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конференсияи VI ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар конференсияи мазкур муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, роҳбарияти Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳриву ноҳиявӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, собиқадорони ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор» ва аъзои ташкилоти ҳизбӣ иштирок намуданд.

Сараввал ҳисоботи раиси КИИ «Соҳибкор» оид ба фаъолияти Кумита аз моҳи июни соли 2020 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 391 нафар кормандон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор» ба сафи ҳизб пайвастанд. Ҳолати номуайянии шумораи аъзои ҳизб тибқи ҳисоботи оморӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ба пуррагӣ бартараф гардидааст. Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардиданд.

Тибқи муқаррарот раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор» Убайдулло Асрорзода бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуд.

Дар идомаи маҷлис Абдуҷаббор Азизӣ баромад карда, ҳозиринро ба 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «Ваҳдати миллӣ падидаи воқеан мураккаби иҷтимоиест, ки баёнгари сатҳи ташаккули миллӣ буда, дар ҷавҳари миллат тағйироти сифатӣ ва тавонмандии рақобатпазирӣ ба вуҷуд меоварад ва афроди миллатро муттаҳиду нерӯҳои зеҳниву ҷисмии онҳоро барои ҳифзи манофеи миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ карда, миллатро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад».

Азизӣ Абдуҷаббор оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҲХДТ бо аъзои зиёда аз ниммиллионнафараи худ яке аз ҳизбҳои пурнуфуз натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қаламрави ИДМ маҳсуб шуда, дар кулли самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад. Дар фарҷом ба як қатор аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор»,  ки дар амалигардонии Барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштанд бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, ҷавононе ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, ба онҳо шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.

АКС: КИ ҲХДТ дар н.Фирдавсӣ

Июнь 22, 2022 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид