Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баъди навсозӣ мавриди истифода қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор «Ҷавонон» пурра аз таъмир бароварда шуда, дар он барномаи калони фарҳангӣ бахшида ба 25 –умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз корҳои асосии таъмир дар варзишгоҳ ва толору утоқҳои мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров, ки дар ҳудуди варзишгоҳ ҷойгир аст, қисман ба анҷом расидаанд. Айни замон сохтмончиён ба ороиши шифту деворҳои дохил ва намои беруна, рангубори дару тиреза ва панҷараҳои оҳанин машғул мебошанд.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни боздид аз ин иншоот бо ҷараёни корҳои навсозии варзишгоҳ шинос гардида, ба масъулин ва сохтмончиён барои босифат ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани корҳои таъмиру таҷдид дастур дод.
Масъулон тасмим гирифтаанд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъмири варзишгоҳро, ки барои баргузор намудани чорабиниҳои пуршукӯҳи оммавӣ макони муносиб аст, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонанд ва ба ҷавонону сокинони шаҳр чун армуғони идона туҳфа намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Варзишгоҳи марказии Ҳисор соли 2015 сохта ба истифода дода шуда, яке аз варзишгоҳҳои бузург дар ҷумҳурӣ мебошад, ки имкони ҷой додани 20 ҳазор нафарро дорад. Дар он мусобиқаҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла футбол гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






