Дар Парлумон ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Барномаи идоракунӣ волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар назди иштирокчиёни ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, иброз кард, ки дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати татбиқи воқеии Ҳадафҳои Рушди Устувор Маҷлиси намояндагон дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ моҳи марти соли 2022 аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони сохторҳои давлативу хусусӣ ва шарикони рушд Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон созмон дода шуд. То имрӯз якчанд Конвенсияҳои СММ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида ва ё ба онҳо ҳамроҳ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, Фармон «Дар бораи ба имзорасонии матни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» аз 2 феврали соли 2018 қабул гардид.
Тибқи фармони мазкур 22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” Президенти кишвар дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» имзо гузоштанд.
Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон аз тарафи ин созмон 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлат эътироф гардидани он қуваи қонунӣ гирифтааст. Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон пеш аз ҳама, ин иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар баробари ин, омодагиҳои тадорукотии вазорату идораҳои дахлдор аз яктараф ва азму талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон, аз ҷониби дигар барои тадриҷан тайёр намудани заминаҳои иҷтимоию иқтисодии муносиб ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон низ нек арзёбӣ мегардад.
Дар назди иштирокчиён ҳамчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи корӣ Шодихон Ҷамшед, роҳбари Барномаи идоракунӣ волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон Алишер Каримов, Раиси “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон”, аъзои гурӯҳи корӣ Асадулло Зикрихудоев баромад намуда, роҷеъ ба “Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва зарурати таъсиси гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ: мақсад ва вазифаҳо” ва “Муаррифии лоиҳаи Нақшаи кории (Шӯрои ҷамъиятӣ) гурӯҳи корӣ барои соли 2022” ахбороти муфассал доданд.
Акс: МН МО ҶТ








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






