Дар Тоҷикистон барои рушди сохтори варзиши дзюдо барномаи махсус амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳамбастагии олимпӣ ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи дзюдои мамлакат давоми се моҳ лоиҳаи «Рушди сохтори миллии варзиши дзюдо»-ро амалӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар КМО Тоҷикистон хабар доданд.
Татбиқи лоиҳа дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар толори варзишии «Устопириён»-и шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳа барои мураббиён ва доварони дзюдо вилояти Суғд курсҳои омӯзишӣ доир гашт.
Курсҳои омӯзшӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати мураббиён ва доварони дзюдо ба таври амалӣ ҷараён гирифт. Мураббиён минбаъд ба шогирдон усулҳои нави дзюдоро меомӯзонанд ва доварон дар мусобиқаҳо таҷрибаи андухтаашонро ба кор мебаранд.
Атоулло Аббоснажод — мураббии байналмилалии дорои дараҷаи ҳаштум аз Федератсияи ҷаҳонии дзюдо ва довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров барои иштирокчиён омӯзишҳои лозимро доир намуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд






