Дар Тоҷикистон барои рушди сохтори варзиши дзюдо барномаи махсус амалӣ мешавад

Июнь 26, 2022 11:01

ДУШАНБЕ,  26.07.2022  /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳамбастагии олимпӣ ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи  дзюдои  мамлакат  давоми се моҳ лоиҳаи «Рушди сохтори миллии варзиши дзюдо»-ро амалӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар КМО Тоҷикистон хабар доданд.

Татбиқи лоиҳа дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла,  дар толори варзишии «Устопириён»-и шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳа барои мураббиён ва доварони дзюдо вилояти Суғд курсҳои омӯзишӣ доир гашт.

Курсҳои омӯзшӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати мураббиён ва доварони  дзюдо ба таври амалӣ ҷараён гирифт. Мураббиён минбаъд ба шогирдон усулҳои нави дзюдоро меомӯзонанд ва доварон дар мусобиқаҳо таҷрибаи андухтаашонро ба кор мебаранд.

Атоулло Аббоснажод — мураббии байналмилалии дорои дараҷаи  ҳаштум аз Федератсияи ҷаҳонии  дзюдо ва довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров  барои иштирокчиён омӯзишҳои лозимро  доир  намуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 26, 2022 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид