Дар Туркия 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии тоҷикон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 июни соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар остонаи ҷашнгирии 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳимми сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ мулоқот бо донишҷӯён ва шаҳрвандони бурунмарзии муқими Туркия баргузор гардид.Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа МАҚСУД иттилоъ дод.
Мулоқот бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуда, сипас Сафири ҶТ дар Туркия Ашрафҷон Гулов суханронӣ намуд. Номбурда аҳаммияти таърихии Иҷлосияи мазкурро беназир дониста, зикр намуд, ки ин рӯйдоди муҳим тавонист тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад ва барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллии тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина гузорад.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки Ваҳдати миллӣ, ки ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваи тавоное бахшида, ҷиҳати таҳкими суботу осоиштагӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум асос гузошт ва барои рушди муназзами ҳамаи соҳаҳои ҳаётии кишвар шароити заруриро фароҳам овард.
Дар ҳамоиш барои ҳозирин лавҳаи ҷашнӣ, китобҳо, расмҳо ва филми мустанад бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуданд.
АКСҲО аз муаллиф











Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






