ФУТБОЛ. Имрӯз дар Душанбе бозии аввали дӯстонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
2 ва 4 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мешаванд. Ин вохӯриҳо соати 20:00 оғоз мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони мо мебошанд. Даври интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Вохӯриҳои рафиқона
2 июн (панҷшанбе)
Оғоз — соати 20:00
ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
4 июн (шанбе)
Оғоз — соати 20:00
ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Акс: ФФТ








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






