ФУТБОЛ. «Истаравшан» пас аз ғалаба бар «Эсхата» дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон як зина боло шуд

Июнь 23, 2022 08:13

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бозии мавқуфмондаи даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ байни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи «Истаравшан Арена» доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан» ва «Эсхата» бо иштироки зиёди мухлисон ва ҳаводорони футболи тоҷик доир гашт. Дастаи «Истаравшан», ки дар ин мавсим наметавонист имтиёз ба даст биёрад, билохира ба ин силсиланокомиҳо нуқта гузошт ва 3 имтиёзи заруриро дар муқобили дастаи «Эсхата» ба даст овард.

Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар 6 бозии охир натиҷаи на он қадар хуб нишон медод ва дар таҳхонаи ҷадвал маскан гирифтаанд.

Дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар чанд бозии охир кӯшиш дорад, то имтиёзро аз даст надиҳад. Онҳо имрӯз ҳам ба ғалаба наздик буданд, лек ҷилави бозиро то ба охир дар худ нигоҳ дошта натавонистанд.

Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ

Даври 9-ум

«Истаравшан» 2:1 «Эсхата »

Голҳо: Дилшод Бозоров, 11 (0:1). Отабек Каримов, 42 (1:1). Амирҷон Сафаров, 68 (2:1).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Отабек Каримов («Истаравшан»).

Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли равон, дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод дар шаҳри Хуҷанд бозии ба таъхир гузошташудаи даври 9-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистонро миёни ҳам баргузор карданд. Дар бозии мазкур дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 4:0 дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро мағлуб намуд.

Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо Шервони Мабатшоев, дар дақиқаи 13, Алиҷон Кароматуллозода, 45+1 Эрадҷ Раҷабов, 64 ба дарозаи худ ва Рустам Соиров, 68 (0:4) ба нишон расониданд.Беҳтарин бозингари бозии маскур: Шервони Мабатшоев аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дониста шуд.

Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

                                                                 Б  Ғ  М  Б  Т    И
1  «Хатлон» (Бохтар)                            8  5  3  0  10-4  18

2  КМВА(Душанбе)                               7  4  1  2  11-10   13

3  «Равшан» (Кӯлоб)                            6  3  2  1  6-5  11

4  «Файзканд» (Восеъ)                         7  3  2  2  10-11  11

5 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                            8  2  4  2  6-4    10

6 «Истиқлол» (Душанбе)                  4 2  2  0  8-3 8

7«Эсхата» (Хуҷанд)                            6  2  1  3  11-12 7

8  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)        8  2  1  5  8-11   7

9    «Истаравшан» (Истаравшан)   8  2  1  5  7-7    7

10 «Равшан» (Зафаробод)                  8  1  3  4  8-15  6

Рӯйхати голзанҳои пешсаф: Дилшод Бозоров, Шарафҷон Солеҳов (КМВА) бо  5 тӯбӣ, Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан»), Санҷар Рихсибоев («Эсхата»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ») – бо  4 тӯбӣ  қарор доранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 23, 2022 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад