Футболбози тоҷик Нуриддин Давронов фаъолияташро дар Ҳиндустон идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нуриддин Давронов ниммуҳофизатгари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дастаи «Муҳаммедан»-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон гузариш намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз ин пештар, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сомонаи расмиаш аз гузариши ӯ ба ин даста хабар дода буд.
Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Муҳаммедан» дар Лигаи якуми Дивизиони Олии Ҳиндустон ҳунарнамоӣ мекунад ва варзишгоҳи хонагиаш метавонад то 85 ҳазор ҳаводорон ва мухлисони футболро ба ҳам орад. Дар ҳоли ҳозир даста баъди 18 даври рақобатҳо дар ҷадвал зинаи дуюмро ишғол менамояд.
Ҳамчунин футболбози дигари тоҷик Комрон Турсунов дар ҳайати дастаи футболи «Чёрчилл Бразерс»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






