ФУТЗАЛ.«Равшан», «Соро компания» ва «Сипар» дар бозиҳои даври дуюми Суперлигаи Тоҷикистон ғолиб гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври дуюми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал дар толорҳои варзишӣ мамлакатамон хеле ҷолиб баргузор шуданд. Бо натиҷагирӣ аз ду даври бозиҳо дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 6 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври дуюм бар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд.
Дар бозиҳои дигар бошад, дастаҳои футзали «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 5:2, «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бар «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 15:1 ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бар «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе бо ҳисоби 4:1 ғолиб омаданд
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври сеюми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал 11-12 июни соли равон баргузор мегарданд. 11 июн дастаҳои футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе ва 12 июн дастаҳои «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе бо КМВА-и шаҳри Душанбе бозӣ мекунанд.
Акс: ФФТ








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






