«ХУШБАХТИИ МОДАРОН ДАР ВАҲДАТ АСТ!». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши бонувон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар Кинотеатри «Ватан» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони «Хушбахтии модарон дар Ваҳдат аст!» бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиши идона муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «бисту панҷ сол мешавад, ки мо – сокинони Тоҷикистони биҳиштосо, махсусан занону бонувони тоҷик дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем ва тайи ин солҳо беш аз пеш дарк намудаем, ки ваҳдати миллӣ заминаи асосӣ ва муҳими саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон ва қалби поку муқаддаси он — шаҳри Душанбе мебошад».
«Тавре дар Барномаи ҳизби мо барои солҳои 2020-2025 зикр шудааст, ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюл ва хатарҳои терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд», — афзуд номбурда.
Таъкид гардид, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус занон — аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузоранд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ҳозиринро аз номи Роҳбарияти ҳизб ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳадти миллӣ таҳният гуфта, шеъри худро, ки фарогири талошу ҷонбозиҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳофарӣ, даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва саршор аз муҳаббату садоқати як зан ба обу хоки ин ватану сарзамин буд, қироат кард.
Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, нақши занонро дар баҳамоӣ ва пос доштани сулҳу суботи сартосарӣ назаррас арзёбӣ намуд.
Дар идома муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар мавзўъҳои «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» ва «Хушбахтии модарон дар Ваҳдат аст!» маърӯза намуданд.
Нотиқон иброз доштанд, ки саҳифаҳои пурифтихори давлатдории навини тоҷикон гувоҳ аст, ки таърих дар ҷои холӣ пайдо намешавад ва онро шахсиятҳои бузург як ҷо бо миллатҳои бузург меофаранд. Ваҳдати миллии тоҷикон низ натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Зикр гардид, ки роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.
Таъкид гардид, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо, як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Дар ин миён, як қатор занон-аъзои фаъоли ҳизб бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамоишро суруду таронахонии ҳунармандони шинохтаи кишвар ҳусну таровати дигар бахшид.
Акс: КИМ ҲХДТ









Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад






