Имсол аз Конибодом ба хориҷи мамлакат 420 тонна зардолу содирот гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Боғпарварони шаҳри Конибодом имсол ҳосили хуб рӯёнида, то имрӯз ба хориҷи мамлакат 420 тонна зардолу содирот намуданд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки фурӯши меваи зардолуро ба хориҷи кишвар идома диҳанд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо ҷараёни ҷамъоварии меваи зардолу шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Конибодом беш аз 11 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, аз он 8 ҳазор гектараш ҳосилдеҳ мебошад. Ҳамасола аз ин боғот мева ҷамъоварӣ шуда, қисме аз он содирот ва қисми дигар хушконида мешавад.
Деҳқонони Конибодом дар парваришу истеҳсоли меваи зардолу таҷрибаи хуб доранд ва иқлими мусоиди минтақа низ имкон медиҳад, ки ҳосили хуб рӯёнида шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов шинос шуда, барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва озуқадиҳии зироат ба масъулин тавсияҳои муфид дод.
Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии Конибодом, дар хоҷагиҳои деҳқонии ин минтақа 5402 гектар пахта кишт гардида, нашъунамои зироат хуб ва дар меъёри муқаррарӣ мебошад. Кишоварзон аҳлона заҳмат кашида, барои ба даст овардани ҳосили зиёд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд






