Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маросими маҷозии оғози амалигардонии лоиҳаи муштараки бунёди 2 неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 2, 2022 18:41

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак миёни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони ҳарду ҷониб барои бунёди неругоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.

Дар оғози маросими маҷозии татбиқи лоиҳаи муштарак миёни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон роҳбарияти олии ду кишвар- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар толори Қасри

Президенти Узбекистон ва дар маҳали сохтмони неругоҳ – деҳаи Ёвони ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони соҳаи энергетикаи ду кишвар иштирок карданд.

Оғози татбиқи корҳои ҷустуҷӯӣ-асосноккунии техникӣ як қадами устувор дар роҳи таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар ин бахши ояндадор хоҳад буд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба бунёдкорони ин тарҳи барои мардумони ҳарду кишвар манфиатбор барору комёбӣ орзу карданд.
Маросими маҷозии оғози амалӣ гардонии лоиҳаи муштараки бунёди 2 неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.06.2022

Июнь 2, 2022 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд