Корхонаи хурди дӯзандагии ноҳияи Ишкошим бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мешавад

Июнь 30, 2022 16:29

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба ноҳияи Ишкошим сафари корӣ анҷом дода, дар деҳаи Рини Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков бо ҷараёни фаъолияти корхонаи хурди дӯзандагӣ аз наздик шинос шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар медиҳад.

Роҳбари корхона Малика Боракова иттилоъ дод, ки дар коргоҳ айни ҳол 6 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд. Вобаста ба дӯхти либоси мактабӣ зикр гардид, ки корхона дар ин самт ба дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ эҳтиёҷ дорад.

Шералӣ Кабир иброз кард, ки корхонаи мазкур дар таъмин гардидан бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастгирӣ хоҳад ёфт.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҷиҳати аз худ намудани нозукиҳои кори дӯхти либоси мактабӣ дар доираи дастгириҳо 3 нафар барои омӯзиш ба корхонаи дӯзандагии ноҳияи Дарвоз фаро гирифта мешаванд.


Номбурдагон инчунин дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков аз корхонаи коркарди «Ангат» дидан намуданд. Вазири саноат ва технологияҳои нав зимни боздид иброз дошт, ки ҷиҳати бозоргир гардидани маҳсулоти ангат корхона дастгирӣ меёбад ва баҳри ҳамкории дуҷониба миёни корхонаи коркарди «Ангат»-и ноҳияи Ишкошим бо корхонаи коркарди ноҳияи Дарвоз тавсияҳои муфид дода шуд.

Гурўҳи корӣ ҳамзамон зимни сафар ба ноҳияи Ишкошим дар деҳаи Авҷи Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков аз корхонаи коркарди гиёҳҳои дорувории табиб Ширинбек Давлатмамадов дидан намуда, бо заминҳои кишти картошкаи деҳаи Дашт ва ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Птупи Ҷамоати деҳоти Птуп ошноӣ пайдо кард ва вобаста ба босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ бо массулин суҳбат анҷом дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Июнь 30, 2022 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд