Лигаи футболи Тоҷикистон мусобиқаи мавсимии Ҷоми «Ҷавонӣ»-ро баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 19.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Лигаи футболи Тоҷикистон дар мавсими тобистон барои дастаҳои ҷавонони лигаи олии Тоҷикистон мусобиқаи нав таҳти унвони Ҷоми «Ҷавонӣ» баргузор карда мешавад. Хазинаи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ сурат мегирад. Дар марҳилаи муқаддамотӣ, ки аз 7 то 24 июл баргузор мегардад, дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар минтақаи Суғд чаҳор даста – «Хуҷанд», «Эсхата», «Истаравшан» ва «Равшан» (Зафаробод) барои як роҳхати қисми ниҳоӣ мубориза мебаранд. Дар минтақаи Душанбе шаш даста – «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Равшан» (Кӯлоб), Хатлон, Файзканд ва КМВА нерусанҷӣ мекунанд.
Се даста аз минтақаи Душанбе ва ғолиби минтақаи Суғд ба қисми ниҳоии мусобиқа, ки ҷуфтҳои даври нимниҳоиро ташкил медиҳанд, роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ ба финал мебароянд ва мағлубшудаҳо дар бозӣ барои ҷойи севум муборизаро идома медиҳанд.
Ғолиби мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ» 30 ҳазор сомонӣ, иштирокчии вохӯрии ниҳоӣ 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ хоҳад гирифт.
Акс: ФФТ








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






