Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи сайёри Раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд

Июнь 7, 2022 09:14

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар кори ҷаласаи сайёри Раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар ҷаласа ҳамчунин Раисони парлумонҳои ҷумҳуриҳои Арманистон Ален Симонян, Беларус Владимир Андрейченко, Қазоқистон Ерлан Кошанов, Қирғизистон Талант Мамитов, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин ва Дабири кулли Созмон Станислав Зас иштирок карданд.

Иштирокдорони ҷаласа доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи Созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур масъалаҳо «Оид ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии СААД», «Дар бораи фаъолияти Ҷумҳурии Арманистон оид ба муқовимат ба мушкилот ва таҳдидҳои амниятӣ дар заминаи татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати ин ҷумҳурӣ дар СААД, солҳои 2021-2022», « Дар бораи рафти иҷрои қарорҳои иҷлосияи сентябри (2021) Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва фаъолияти Созмон дар давраи байни иҷлосияҳо», «Дар бораи чораҳои такмили таъминоти ҳуқуқии фаъолияти сулҳҷӯёнаи кишварҳои узви СААД», «Дар бораи таҳияи стандарти ҳуқуқии ҳифзи интихоботи демократӣ, равандҳои интихоботӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узви СААД аз дахолати хориҷӣ, аз ҷумла бо назардошти мушкилоти рақамӣ дар соҳаи ҷамъиятию-сиёсӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Байнипарламентии СААД оид ба наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви Созмон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи рӯз, ҷои гузарондани маҷлиси навбатии Шӯро ва ҷаласаи понздаҳуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии СААД ва номгӯи масъалахое, ки ба лоиҳаи рӯзнома дохил карда мешаванд» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои ҷаласа қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ тазаккур дод, ки баргузории ҷаласаи Шӯро далели равшани ҳамкории байни давлатҳои аъзои СААД буда, ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи кишварҳои узв мебошад.

Ӯ таъкид намуд, ки баррасӣ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ва қабули қарорҳои дахлдор барои таҳкими минбаъдаи амнияти кишварҳои узв заминаи устувор гузошта, самаранокии саҳми Ассамблеяи Байнипарламентиро дар густариши ҳамкории парлумонӣ собит хоҳад кард.

Тоҷикистон минбаъд низ ҷонибдори таҳкими нақши ҳамоҳангсози Ассамблея дар заминаи таъмини амният мебошад.

Парлумони Тоҷикистон аз талошҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Ассамблея комилан ҷонибдорӣ мекунад.

Изҳори умед карда шуд, ки натоиҷи ин мулоқот омили дигари муассири таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳо хоҳад шуд.

Дар интиҳои ҷаласа нақша чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои СААД пешниҳод гардид.

Дар кори ҷаласаи сайёри мазкур намояндаи комилҳуқуқӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарламентии СААД Бахтовар Сафарзода низ иштирок намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Июнь 7, 2022 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ