Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД дар Арманистон иштирок мекунад

Июнь 6, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз, 6 июн ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон  сафар  намуд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки имрӯз 6 июн дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки  баргузории ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамӣ далели равшани ҳамкории байни давлатҳои аъзои СААД  мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин Созмон мебошад.

Акс: МН МО ҶТ

 

Июнь 6, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид