Маркази миллии тестӣ: Марҳилаи иловагии бақайдгирии довталабон аз 10 то 30 июн идома меёбад

Июнь 5, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хоҳишмандоне, ки дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022, ки худро дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) номнавис карда натавонистанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур, ки аз 10 то 30 июн идома меёбад, худро номнавис намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2022, ки тибқи нақшаи қаблӣ танҳо дар шаҳри Душанбе бояд гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ба роҳ монда мешавад.

Шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат кунанд.

Довталабоне, ки дар марҳилаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд барои ин кор худро аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳилаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

Хоҳишмандон метавонанд барои шиносоии пурра ба сомонаи ММТ «www.ntc.tj» муроҷиат намоянд.

АКС: манбаъҳои боз

 

Июнь 5, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид