МОҲИ ИЮЛ ТОҶИКИСТОНИЁНРО ЧӢ ГУНА ҲАВО ИНТИЗОР АСТ? Ба ин суоли АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева посух дод
ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июл дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму хушк пешгӯи мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.
Бино ба иттилои номбурда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво давоми моҳ дар вилояти Хатлон аз меъёри миёна 1 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад. Дар водиҳои вилоят ҳаво шавбона 28-33 дараҷа ва рӯзона 25-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ҷануби вилояти Хатлон гармиии ҳаво аз 40 то 45 дараҷа мерасад. Давоми моҳи июл боришоти борон пешгӯӣ намешавад.
Вилояти Суғдро низ дар ин моҳ аз меъёри миёна 1 дараҷа баланд гармӣ интизор аст. Дар даҳаи аввали моҳи июл дар вилоят ҳаво шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Нимаи дуюми моҳ дар шимоли вилоят аз 28 то 43 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 33 то 35 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ боришот пешгӯӣ нашуда, дар рӯзҳои алоҳида вазиши шамол дар назар аст.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ моҳи июл дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ ҳарорати ҳаво шабона 20+25 ва рӯзона ба 34+39 то 40+45 дараҷа гармӣ мерасад.
Ба гуфти Ҷамила Байдуллоева, дар шаҳри Душанбе моҳи июл ҳаво рӯзона аз 40 то 44 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи июл ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри миёна 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 11+16 дарҷа ва рӯзона 34+39 дарҷа гарм мешавад. Дар ноҳияи Дарвоз гармии ҳаво то 40 дараҷа мерасад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, боришоти боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол ва раъқу барқ пешгӯӣ мешавад.
Мувофиқи иттилои муттахассисони соҳаи тандурустӣ, гармии зиёд ба кӯдакон ва пиронсолоне, ки ба бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо мубтало мебошанд, таъсири худро мерасонад. Аз ин сабаб, ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони мамлакат тавсия дода мешавад, ки дуру дароз зери шуоъҳои баланди офтоб наистанд. Зеро онҳо метавонанд ба бемории гармозадагӣ гирифтор шаванд. Инчунин дар ҳавои гарм зери шуои офтоб зиёд истодан ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо ва дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.
Ҳамчунин мутахассисон иброз медоранд, ки ҳарорати баланди ҳаво барои гирифторони бемории диабети қанд ва фишорбаландӣ мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд гардида, дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад. Аз ин рӯ аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми баланд будани ҳарорати ҳаво бе зарурат дар берун сайругашт накунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат, ки то 3 июл ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ гарму бебориш боқӣ мемонад, чанд тавсияи пешкаш мекунад:
— кӯшиш кунед ҳарчи камтар зери нури офтоб бошед. Аммо дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед,ҳарчӣ бештар об истеъмол кунед.
— дар ёд дошта бошед, ки бештар кӯдакону наврасон ва афроди солманд ба хатари гармо гирифтор мешаванд; ғамхорӣ дар ҳақи онҳоро фаромӯш накунед;
— ҳангоми сафар бештар ба худ диққат диҳед, зеро вазъи саломатии инсон метавонад дар гармо бештар бад шавад;
— бештар ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бояд буд, қоидаҳои будубош дар соҳили дарёву рудхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳои оббозӣ ва шаршараҳоро ҷиддан риоя кунед;
— талош кунед дар ин рӯзҳо асосан либосҳои омодашуда аз нахи пахта истифода намоед ва аз пӯшидани сару либоси синтетикӣ худдорӣ намоед.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
Дар Тоҷикистон таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар назар дошта шудааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
Дар Душанбе масъалаи татбиқи Барнома оид ба меҳнати шоиста барои солҳои 2025–2026 баррасӣ гардид
Соли равон дар вилояти Суғд таъмир ва сохтмони беш аз 100 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳ гирифторӣ ба бемориҳои шадиди рӯда зиёд шудааст
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
Дар Душанбе оид ба риояи дурусти қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии ноҳияи Восеъ аз рӯи 5 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд






