«МО ОБИ ҶӮЙБОРЕМ, МО РӮДИ КӮҲСОРЕМ….». Зери ин мисраъҳо кӯдакону ҷавонон дар Форуми оби Душанбе суруд (гимн) мехонанд

Июнь 6, 2022 15:14

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Об қисми асосии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти мо мебошад ва ман ҳамчун намояндаи кӯдакони имрӯза дар ин ҷо, барои амал кардан ҷиҳати нигоҳ доштани захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва пешбарии баробар даъват менамоям», — изҳор дошт дар оғози суханронии худ дар Форуми оби ҷавонон ва кӯдакони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Алия Эраҷ, хонандаи синфи 5-уми Мактаби президентии шаҳри Душанбе, ки яке аз иштирокчиён ва дар баробари хонандаи дигари тоҷик Тупчӣ Малакбозов ҳаммуаллифи суруд (гимн) мебошад.

Алия Эраҷ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки дар баробари иштироки фаъол дар чорабиниҳои муҳими экологии вобаста ба обу иқлим, ӯ ҳамчунин дар якҷоягӣ бо Тупчӣ Малакбозов хонандаи Мактаби президентии шаҳри Душанбе дар таҳияи суруд (гимн)-и махсус барои Форуми оби ҷавонон ва кӯдакон низ саҳм гузоштааст.

«Мо оби ҷӯйборем, мо рӯди кӯҳсорем, мо оби поки пирях, аз кӯҳи бовиқорем… ин мисраъҳоро мо ҳамроҳи Тупчӣ барои Форум омода кардем. Ин суруд бо номи «Об ва иқлим» навишта шуда, тарғиби мавзӯи мушкилоти обро дар бар мегирдад. Мо мехоҳем он дар саросари ҷаҳон маъмул гардад ва онро на танҳо кӯдакони Тоҷикистон, балки кӯдакони тамоми ҷаҳон хонда тавонанд», — изҳор дошт Алия Эраҷ.

Ба гуфтаи Алия Эраҷ, баргузории Форуми ҷавонон ва кӯдакони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» имконияти хубест барои ироаи андешаҳои кӯдакони тамоми дунё дар бораи истифодаи мақсадноки об ба оламиён.

Дар Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили оби Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар маҷмӯъ кӯдакону наврасон ва ҷавонони 33 мамлакати ҷаҳон — 200 нафар бевосита худашон ва 900 нафар ба таври маҷозӣ иштирок доранд.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
Тоҳирҷон САИД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2022 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон