Муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Истанбул баррасӣ гариданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода бо Ректори Донишгоҳи Истанбул, профессор, доктор Маҳмут Ак баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи илму маориф, масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, мубодилаи академикӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, имкони зиёд намудани бурсияҳо ва беҳтар намудани шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳи мазкур зарур шумурда шуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд






