Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар Ереван ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бояд ҳамкории сиёсиро дар ҳама сатҳҳо ва майдонҳо тақвият бахшанд. Дар ин бора дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти ин кишварҳо, ки дирӯз, 17 июн дар Ереван баргузор гардид, изҳор шуд карда шуд. Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ иштирок дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмон.
Котибони шӯроҳои амният тадбирҳои безараргардонии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин як қатор санадҳои муҳими марбут ба такмили идораи Қӯшунҳо (Қувваҳои дастҷамъӣ) ва мубориза бо терроризмро муҳокима ва тасдиқ карданд. Аз ҷумла, Қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар бораи додани маҷмааи чорабиниҳои оперативӣ-пешгирикунандаи «Наёмник» мақоми амалиёти минтақавии зиддитеррористии амалиёти доимӣ ба тасвиб расид.
Бо қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амният Нақшаи омодагии муштараки мақомоти идорӣ, воҳидҳои қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъии СААД барои соли 2023 ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигар, инчунин Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви СААД оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои солҳои 2022-2024, ки бо дарназардошти муқаррароти асосии Стратегияи амнияти дастҷамъии СААД барои давраи то соли 2025 таҳия шуда, барои баргузории машваратҳо оид ба масъалаҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо замина мегардад, тасдиқ шуданд.
Ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД дар доираи раёсати Арманистон дар Созмон баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 30-умин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҷлил мегардад.
Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбнкистон ба имзо расида буд. Баъдтан Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ба ин аҳднома ҳамроҳ шуданд. Аҳднома 20 апрели соли 1994 пас аз расмиёти тасвиб дар кишварҳои узв эътибор пайдо кард. Аммо баъдан Озарбойҷон, Гурҷистон ва Узбекистон аз ин аҳднома хориҷ шуданд. 14 майи соли 2002 дар Москва бо қарори Шӯрои амнияти дастҷамъӣ Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки ба он Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил мебошанд, таъсис ёфт.
АКС: Хадамоти матбуоти СААД








Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд






