ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон вазиши сахти шамол ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст

Июнь 4, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар бештари ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон (дар шарқии вилоят шабона бориши сусти барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Июнь 4, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад