ҶОМИ КФО-2022. Дастаи КМВА-и Душанбе бо «Алтин Асир»-и Ашқобод мусовӣ бозӣ кард
ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар чоргонаи «Е», барандаи медали биринҷии мусобиқоти Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ КМВА-и Душанбе бо қаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир»-и Ашқобод (1:1) мусовӣ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳарду голро дар ин бозӣ футболбозони дастаи КМВА ба нишон расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари КВМА Элчибек Рашидбеков тубро ба дарвозаи худаш зад. Абдулло Шарифов дар дақиқаи 90+3 ҳисобро мусовӣ кард.
Дар бозии дигари гурӯҳи «Е», ноиб-чемпиони Узбекистон, «Суғдиёна»-и Ҷиззах барандаи Ҷоми Қирғизистонро дар мавсими гузашта бар тими «Нефтчӣ»-и қӯчқор-аторо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии ҶОМИ КФО-2022 КМВА-и Душанбе рӯзи душанбе, 27 июн бо тими «Суғдиёна» бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 22:00 оғоз мегардад.
Ҷоми КФО- 2022
Даври 2
27 июн (душанбе)
19:00 – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Ӯзбекистон)
Даври 3
30 июн (панҷшанбе)
19:00 – «Сугдиёна» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
Акс: ФФТ








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






