ҶОМИ ОСИЁ-2022. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ вориди рақобат мешавад
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 19 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 23-сола оид ба футбол баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 16 кишвари қора ширкат меварзанд, аз ҷумла Тоҷикистон. Дастаҳо ба 4 гурӯҳи чордастаӣ ҷудо шудаанд. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаӣ (дар маҷмӯъ 8 даста) ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар рӯзи аввали Мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 23-сола рақобатҳо бо чунин натиҷаҳо ба қайд гирифта шудаанд:
01.06.2022
Эрон (U23) 1:1 Қатар (U23)
Австралия (U23) 2:0 Қувайт (U23)
Узбекистон (U23) 1:0 Туркманистон (U23)
Урдун (U23) 1:1 Ироқ (U23)
Имрӯз дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Кореяи Ҷанубӣ бо Малайзия ва Тайланд бо Ветнам вориди майдони рақобат мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол 3 июн бо ҳамтоёни хеш аз Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.
Акс: ФФТ








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






