ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими Сингапур бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 июн дар доираи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Сингапур бозӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ин вохӯрӣ соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард.
Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 2
11 июн (шанбе)
15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН
20:00 – Мянмар – Қирғизистон
Даври 3
14 июн (сешанбе)
15:30 – Мянмар – Сингапур
20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.
Акс: ФФТ








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад






