ҶОМИ ОСИЁ-2023. Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «F» ҷои аввалро ишғол кард
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Вохӯри ин дастаҳои мунтахаб хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовӣ 0:0 анҷом ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ду даври гузашта тими мунтахаби Тоҷикистон бар Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ғалаба карда буд. Ҳамин тариқ, тимҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон 7-холӣ ба даст оварда, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд. Аз ҳисоби таносуби тӯбҳо Тоҷикистон дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кард. Дар се бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозааш ягон гол сар надод.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт. Дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дар баробари Тоҷикистон, тимҳои мунтахаби Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонг Конг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия иштирок хоҳанд кард.
Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё 17 октябр қабул мегардад.
Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «F»
Даври 1
8 июн (чоршанбе)
15:30 – ТОҶИКИСТОН – Мянмар – 4:0
20:00 – Қирғизистон – Сингапур — 2:1
Даври 2
11 июн (шанбе)
15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН-0:1
20:00 – Мянмар – Қирғизистон-0:2
Даври 3
14 июн (сешанбе)
15:30 – Мянмар – Сингапур
20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН-0:0
Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.
Акс: ФФТ








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






