ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. Дар Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол хеле ҷолиб баргузор шуд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон 12 дастаи Лигаи аввал баромад мекунанд, ки дар қуръакашӣ аз онҳо шаш ҷуфт ташкил карда шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқа дастаҳои футболи «Панҷшер» бо «Динамо», «Ваҳдат» бо «Ҳосилот», «Моҳир» бо «Душанбе», «Ҳулбук» бо «Сарҳадчӣ», «Саройкамар» бо «Гулистон» ва «Барқчӣ» бо «Кӯктош» миёни ҳам рақобат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як вохӯрӣ иборат буда, 4-5 июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки дар ин марҳила бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.
Вохӯрии дастаҳои футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва «Динамо»-и шаҳри Душанбе дар рӯзҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад, зеро футболбозони дастаи «Динамо» ҳайати асосии дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ки 2 ва 4 июн дар Душанбе бо ҳамсолони худ аз АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2023/2024 ба даст меорад. Дар сурате, ки як бошгоҳ ҳам қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳам соҳиби Ҷоми кишвар шавад, пас барандаи медали биринҷии лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард.
Ҷоми Тоҷикистон-2022
Марҳилаи муқаддамотӣ
4 июн (шанбе)
Бозиҳо соати 17:00 оғоз мешаванд
«Ваҳдат» – «Ҳосилот»
«Моҳир» – «Душанбе»
5 июн (якшанбе)
Бозиҳо соати 17:00 оғоз мешаванд
«Ҳулбук» – «Сарҳадчӣ»
«Саройкамар» – «Гулистон»
«Барқчӣ» – «Куктош»
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






